БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА

ТЕМУРМАЛИК: Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо усули “Хона ба Хона” вохӯриҳои судманд доир карда шуда истодааст.
Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид дар деҳаи Гузари Тори Ҷамоати деҳоти Кангурт, вобаста ба самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлгӣ, сарфакорона истифода бурдани неру барқ инчунин оид ба ободонию созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg