БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

ШАҲРИТУС: Субҳи имрӯз дар ноҳияи Шаҳритус роҳпаймоии идона бахшида ба таҷлили 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Роҳпаймоӣ аз назди майдони марказӣ оғоз гардида, иштирокчиён бо парчамҳои давлатӣ, шиору навиштаҷотҳои ифтихорӣ ва сурудҳои ватандӯстона бо рӯҳияи баланд тавассути кӯчаҳои марказии ноҳия ҳаракат намуда, муҳити идона ва эҳсоси баланди ватандӯстиро дар ҷомеа ба намоиш гузоштанд.
Чунин чорабиниҳои тантанавӣ на танҳо ваҳдату якдилиро муаррифӣ менамоянд, балки садоқат ва муҳаббати беандозаи мардумро ба Ватан, Истиқлолият ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум мекунанд.
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg