
БОХТАР: Имрӯз, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бахшида ба 34– солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи табрикотию таблиғотӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор карда шуд.
Дар доираи аксияи мазкур аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳр ба сокинони шаҳр 500 адад варақаҳои табрикоти тақдим карда шуд.
Мақсад аз баргузории аксияи мазкур ин пеш аз ҳама баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, пос доштани марзу бум ва муқаддасоти миллӣ мебошад.