БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ИФТИТОҲИ “ОШХОНАИ ЧАНОР” ВА ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАРОИ ЯТИМОНИ КУЛ

ЛЕВАКАНТ: Бахшида ба ҷашни пурифтихори 34-умин солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шоҳроҳи Левакант-Бохтар “Ошхонаи Чанор” бо тарҳи замонавӣ ва муҳити фарҳангӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти нав Раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ва Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ҷамшед Каримзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тавре зикр гардид, ифтитоҳи чунин иншоотҳои хӯрокворӣ бо муҳити мусоиди хизматрасонӣ на танҳо барои ободии шаҳр, балки барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкории маҳаллӣ мусоидат менамояд. Раиси шаҳр дар суханронии худ саҳми соҳибкорони ватандӯст ва масъулияти иҷтимоии онҳоро дар рушди иқтисодиёт ва дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа махсус таъкид кард.
Дар идомаи чорабинӣ, барои гурӯҳи ятимони кул- ки яке аз қишрҳои муҳтоҷи ҷомеа ба шумор мераванд-дастархони идона ороста шуд. Иштирокчиён ва меҳмонон дар фазои самимӣ бо кӯдакони ятим нишастанд ва бо онҳо суҳбати озод доир намуданд.
Бо иқдоми Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳар як ятими кул туҳфаҳои пулии идона тақдим гардид, ки ин амали хайри инсондӯстона фазои маънавии чорабиниро боз ҳам самимитар сохт.
Ин иқдом яке аз намунаҳои беҳтарини татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии ятимон ва фарзандони бепарастор маҳсуб ёфта, дар ҳамбастагӣ бо рӯзгори осоиштаву босаодат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.
Маросим дар фазои идона бо муҳаббати ватандорӣ анҷом ёфт ва ҳам барои меҳмонон ва ҳам барои иштирокчиён як рӯйдоди фаромӯшнашаванда гардид.
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg