
ФАРХОР: Дар ташкилоти ибтидоии “Боғчаи-1” бобати сазор ҷашн гирифтани Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳизбӣ доир гардид. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор – Мирзоев Толибҷон зимни суханронӣ тазаккур доданд, ки Истиқлолияти давлатӣ ҳастии миллат ва обруву эътибори давлат ва ҳар шахс аст. Таъкид шуд, ки фарзандонро дар ин руҳия тарбия намудан лозим аст. Барои пос доштани истиқлол, озодӣ ва сулҳ фарзандони ватандуст ва хештаншинос хидмат мекунанд. Таъкид шуд, ки хонаву дар, коргоҳҳо, кучаву маҳаллаҳоро ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ободу зебо ва бо парчамҳо, шиору овезаҳо оро диҳанд.