
ҚУБОДИЁН. Санаи 4-юми сетябри соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён вохӯрии Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродулозода Дилноза Муродулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобуддин ва муовини раиси ноҳияи Қубодиён Ҷурахонзода Абдулмаҷид бо интихобкунандагон-сокинони Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ , роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони деҳаи Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин ва Навобод ширкат доштанд.
Зимни вохӯрӣ мӯҳтарама Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Муродулозода Дилноза бо интихобкунандагони худ аз дастовардҳои имрӯзаи кишвар, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, иҷрои талаботҳои қонунҳои амалкунанда ва мавзуъҳои рузмарра сухан гуфтанд. Ҳамзамон бобати зимистони пешомада суҳбат намуда, сокинонро таъкид доштанд, то дар захираи маводҳои хӯрокаву сухту сӯз саҳлангорӣ накарда, кушиш намоянд, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар таъмини амнияти озуқаи аҳли оилаи худ саҳмгузор бошанд.
Ҳамчунин дар рафти суҳбат хоҷагидонро таъкид намуданд, то баҳри истифодаи самараноки замин масъулияти ҷиддӣ дарк намуда, сари вақт кишти тирамоҳии зироатҳоро ба роҳ монанд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобуддин бо интихобкунандагон низ суханронӣ намуда, насби Парчами давлатии ба хонаҳои истиқоматӣ бо мақсади иҷрои нақша чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ, санаи 17 июли соли 2025, эълон гардида ва иқдоми “365 рӯзи ташаббусҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ дар байни ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баҳри ободониву созандагӣ бо мақсади боз ҳам мунаввару зебо ва дилкаш намудани тамоми ҳудуди ноҳия мебошад, ки ин яке аз анъанаҳои миллии халқи тоҷик арзёбӣ мегардад.