
Восеъ: Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бахшида ба 34- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон дар қисми низомии 13483-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Неъматзода Фарзана-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия - Орифзода Сомон ва дигарон иштирок намуда, ба сарбозон барои хуб ҳунарнамоӣ намудан дар мусобиқаҳои мазкур муваффақият таманно намуданд.
Мавриди зикр аст, ки байни сарбозони қисми низомии мазкур мусобиқаи шашкаю шоҳмот ва дастхобонӣ гузаронида шуд.