
Ш.БОХТАР: Имрӯз, бо иштироки Саидзода Раҳмон – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва Салимзода Сафарҷон Абдуҷалол – Сардори раёсати Саридораи сирри давлатӣ дар вилояти Хатлон маҷлиси муассисон оид ба таъсиси ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид.
Тибқи қарори маҷлиси муассисон ташкилоти ибтидоӣ “Асрор” номгузорӣ гардида, Салимзода Сафарҷон Абдуҷалол ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Маҳмадализода Меҳроҷиддин Тоҷиддин ба ҳайси котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.
Дар идома – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, ба кормандони муассиса, ки ҳамакнун ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд, оид ба ҳадфҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва моҳияти барномаву оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро фаҳмонида шуда, дар вазъияти тантанивӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.