БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон сиёсати беназири Пешвои миллатро ҷонибдоранд

ҲАМАДОНӢ. Тибқи нақшаи корӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Исмоил Гадоев дар якҷоягӣ бо  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Ҷалилов ва Фирӯз Пиров бо сокинони маҳаллаи ба номи  А. Синои ҷамоати шаҳраки Москва вохӯрӣ баргузор карданд.

Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯъи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардида буд андешаронӣ карданд.

Баъдан чанде аз сокинони маҳалла  дар бораи  суханрониҳои  Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа ва бо кишоварзони вилоят  ва инчунин дар бораи риояи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҷамъомадагон  баҳри  дастгирии  сиёсати Президенти кишвар ва ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ  даъват ба амал овард.

.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg