БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ТАҚДИМИ САРУ ЛИБОСИ МАКТАБӢ БА КӮДАКОНИ ЯТИМ ВА АЗ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

Дар партави дастуру ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои эҳтиҷманд,дар арафаи соли нави таҳсили 2025–2026 дар ноҳияи Муъминобод иқдоми хайрхоҳонаи ҳизбӣ амалӣ гардид.
Иқдоми нек бо ташаббуси Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳандози гардида, ба як гурӯҳ кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат сару либоси мактабӣ тӯҳфа карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, ҷалби бештари кӯдакон ба омӯзиш ва тақвияти ҳисси меҳру муҳаббат ба Ватан амалӣ гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки чунин тадбирҳо ҳамасола дар арафаи соли нави таҳсил дар саросари мамлакат роҳандозӣ мешаванд ва як намунаи равшани ғамхорӣ нисбат ба насли ояндасози миллат мебошанд.
Кӯдакони ниёзманд ва волидони онҳо аз ин таваҷҷуҳу дастгирии раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро барои таълим ва таҳсилоти шоиста рӯҳбаланд месозанд.
Адиба нодирова
“Ҳамрози Халқ”
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg