
Агар бо гузашти сию чор сол аз эълони истиқлоли давлатӣ ба таърихи навини давлатдориамон назар афканем, пайдост, ки Тоҷикистони азизи мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ аз як кишвари ошӯбзада ба мамлакати босуботу пешрафта ва фаъолу ташаббускор дар минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст.
Тавре маълум, дар оғози истиқлоли давлатӣ кишвари азизи мо бо дасисаи гурӯҳҳои манфиатдор ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашонда шуда, ба буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ доман зад.
Дар ҳамон давраҳои вазнин теъдоде аз занони тоҷик дар мақомҳои гуногун хизмат карда, намояндагии халқро бар уҳда доштанд. Аз ҷумла, Бозгул Додхудоева, Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мусоева, Қимат Рустамова, Валентина Абдусамадова, Гулафзо Савриддинова ва Адолат Узоқова аз чеҳраҳои намоёни солҳои пурошӯб буданд. Борҳо гурӯҳҳои мусаллаҳу мухолифони давлат ба онҳо таҳдид менамуданд, вале ин занони ҷасуру бебок масъулиятҳои худро дар назди халқу Ватан содиқона ба иҷро мерасониданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба гурдофаридҳо шабоҳат дода, баланд бардоштани мақоми зан-модар дар ҷомеа, ҷалби бештари бонувон ба корҳои давлативу роҳбариро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доданд.
Маҳз чунин таваҷҷуҳи беназири Сарвари давлат буд, ки имрӯз занону духтарон на танҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ, балки дар бахшҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат, ба монанди нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, кӯҳкорӣ, бонкдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва Артиши миллӣ, софдилонаю содиқона хизмат менамоянд.
Мисоли барҷастаи ин гуфтаҳо, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28-уми декабри соли 2024 садо дод, ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Ин Саодати бузургро - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо бонувон гардонидааст.
Воқеан фароҳам гардидани шароити баробар ва кушоиши уқдаҳои қолабӣ имкон додааст, ки бонувон дар баробари иҷрои рисолати муҳими ҳаётӣ дар арсаи сиёсат низ муваффақ бошанд. Толеи баланди бонувони тоҷик аст, ки дар фазои сулҳу оромӣ, ки сарчашмаи бахту иқболу дастоварду сарбаландиҳост, зиндагӣ мекунанд ва ин ҳама маншаъ мегирад аз файзу баракати Истиқлолияти комили кишвар ва дастгириву ғамхориҳои беназири Роҳбари давлат.
Имруз бонувони мо бо дарки баланди дастгириҳои Пешвои миллат дар амали гаштани сиёсати иҷтимоии давлат бо қаноатмандї, азму иродаи қавї ва завқи баланд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат кору фаъолият мекунанд. Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.
Ҳамзамон, мавқеи занонро дар рушди соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи неруи ватанхоҳонаву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохт.
Зан-модар дар ҳама давру замон мақому ҷойгоҳи хос дошт, вале бояд гуфт, ки замони соҳибистиқлолии мамлакат аз ҳар нигоҳ ба рушди маънавӣ, иҷтимоиву фарҳангии бонувон нақши муассир гузошт, муболиға нахоҳад буд.
Боиси қайд кард, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 -8 март ҳамчун “Рӯзи модар” дар кишвари мо таҷлил карда мешавад. Дар заминаи ин ҷашн чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, бо иштироки роҳбарияти олии мамлакат роҳандозӣ мешавад ва занону модарон дар меҳвари назари ҳукумати кишвар қарор мегиранд ва қадршиносӣ мешаванд, ки ин нуқтаи равшани далели эҳтирому арҷгузорӣ ба бузургии зан модар аст.
Албатта вақте таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои муаззами миллат нисбати зан – модар, илму донишандӯзӣ, соҳибкасб шудани духтарон, ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани онҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон дар меҳвари асосии роҳбарияти ҳукумати кишвар қарор дорад, занон низ ҷавобан ба ин ғамхориҳои пайваста ҷаҳду талош мекунанд, ки дар радифи рисолати азалӣ, тарбияи фарзанд, нигоҳдошти фарҳанги оиладорӣ, ҳамзамон дар рушди илму маориф, иқтисоди миллӣ, нигоҳдошти фарҳангу тамаддун пешоҳанг бошанд ва барои рушди миллату давлат саҳми босазову арзанда гузоранд.
Ғафурзода Рухсора- мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон