
14 август дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Каримзода Мирзоқосим, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Анзурат Абдусаломзода, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини раиси вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, муовини раис, мудирони шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони Васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Мавриди зикр аст, ки рӯзномаи маҷлис аз ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025, тасдиқи Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нимсолаи дуюми соли 2025, тасдиқи Нақша - чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ, санаи 17 июли соли 2025, эълон намудани иқдоми “365 рӯзи ташаббусҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ дар байни ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзои ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” иборат буд.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи миасъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Иброҳимзода Неъматулло, Бозорзода Рустам ва Раҳмон Дилшод бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанашон ва аз ҳудуди вилояти Хатлон берун иқомат доштанашон аз ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бароварда шуда, ба ҷойи онҳо Ташрифзода Амиралӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Сидиқзода Ғолибҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ва Сафарзода Мунир Ватан, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ интихоб карда шуданд.
Аз рӯи масъалаи дуввуми рӯзномаи маҷлис Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баромад намуда, аз фаъолияти нимсолаи якуми Кумитаи иҷроия дар соли 2025 натиҷагирӣ намуд. Қайд гардид, ки тибқи таҳлилҳои оморӣ дар давраи ҳисоботӣ 9 ҳазору 663 нафар ба сафи ҳизб қабул карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Дар ин давра аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ташкилоту муассисаҳо 56 адад ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда, шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ ба 2 ҳазору 957 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба миқдори 31 адад ташкилоти ибтидоӣ зиёд мебошад.
Ӯ зикр кард, ки интихоботи имсола дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардида, дар натиҷаи дуруст баргузор намудани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва муаррифии номзадҳо ба вакилии ҳамаи сатҳҳо аксари номзадҳои ҲХДТ дар интихобот пирӯзӣ ба даст оварда буданд. Дар ин давра 7 ҷаласаи Ситоди вилоятӣ ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои вилоят бошад, 94 ҷаласаи ситодҳои пешазинтихоботӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, оид ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, чорабиниҳои таблиғотӣ, ташвиқотӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ки дар ин давра аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баргузор карда шуда буданд, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб гузориш доданд.
Баъдан, музокирачиён Фарзона Неъматзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва Азизулло Неъматзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш вобаста ба корҳои анҷомдодаашон дар давраи ҳисоботӣ гузориш дода, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Каримзода Мирзоқосим, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, доир ба ташаббусҳои созандаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин зарурати баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва ҷалби мардум ба корҳои ободонию бунёдкорӣ андеша баён намуд.
Ҳамзамон Мавсуф аз номи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ барои иҷрои пеш аз муҳлати нақшаи обуна ба нашрияи марказии “Минбари халқ” изҳори сипос намуда, махсусан ба узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳамаи фаъолоне, ки дар таҳкими сиёсати иттилоотии ҳизб саҳми арзанда гузоштаанд, миннатдорӣ изҳор кард.
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни баромад фаъолияти ҳизбиёни вилоятро дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ мусбат арзёбӣ намуда, дастоварҳои кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоиро дар вилояти Хатлон назаррас баҳогузорӣ кард. Инчунин, дар бораи баъзе аз камбудӣ ва норасоиҳои фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ ибрози ақида карда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, вазифаҳоро барои давраи оянда муайян намуд.
Дар ҷараёни маҷлис Анзурат Абдусаломзода, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини раиси вилояти Хатлон зимни суханрониаш зикр намуд, ки имрӯз ҳар яки мо бо ифтихор метавонем гӯем дар раванди рушди давлатдории миллӣ бо ҷомеа ҳамқадам ва бо Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамфикру ҳаммаром ҳастем.
Ӯ таъкид кард, ки иқдомҳои созанда ва шоистаи таҳсини роҳбарияти олии кишвар дар маҳалҳо амалӣ шуда, аъзои фаъоли ҲХДТ дар ин раванд саҳми назаррас мегузоранд. Ҳар як иқдоми амалӣ ба хотири ояндаи дурахшони насли созандаи ин миллат равона гардида, барои таҳкими давлатдорӣ ва таъмини зиндагии босаодати мардум нигаронида шудааст, афзуд Анзурат Абдусаломзода.
Ӯ ҳамзамон зикр намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавии муосир, ки пур аз таҳдиду хатарҳост, тамоми сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар таҳти роҳнамоии Пешвои миллат ба самти таъмини зиндагии шоистаи мардум ва рушди устувори миллӣ равона гардидааст.
Ҳамин тавр оид ба масъалаҳои баррасишудаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар идомаи маҷлис масъулин дар доираи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли фарҳанги китобхонӣ” дар вилояти Хатлон пешниҳод намуданд, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Китобу китобхона” роҳандозӣ карда шаванд. Ҳамзамон, ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, пешниҳоди кумакҳо бо ҷалби фаъолони ҳизб ва соҳибкорони муваффақ низ таклифҳо ба миён гузошта шуд.
Дар фарҷом, Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон ва раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Кӯшониён ва Балҷувон барои саҳми арзандаашон дар татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.
“Ҳамрози халқ”