
Имрӯз 14 август бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил аз он ва захираи кофии маводи ғизоӣ барои фасли зимистон, Каримзода Мирзоқосим, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Муминзод Абдулмаҷид Мубин, раиси шаҳри Бохтар, Ташрифзода Амиралӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва дигар меҳмонон бо усули “Хона ба хона” аз манзилҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии маҳаллаи Ғайрат, хонаи Фурқат Қосимов боздид намуданд.
Каримзода Мирзоқосим зимни мулоқот бо сокинон таъкид кард, ки истифодаи самараноки замин ва захираи дурусти маводи ғизоӣ ба манфиати худи мардум мебошад. Ин иқдом на танҳо буҷаи оилавиро ғанӣ мегардонад, балки аҳли ҷомеаро аз таъсири омилҳои манфии беруна ҳифз мекунад. Меҳмонон дар ҷараёни боздид шоҳиди он гардиданд, ки бисёре аз сокинон аллакай таҷрибаи парвариши ду-се ҳосил дар як солро ба роҳ мондаанд. Ҳамзамон, истифодаи технологияҳои содаи обёрӣ ва кишти маҳсулоти серҳосил мавқеи хоҷагиҳои наздиҳавлигиро боз ҳам қавитар кардааст.
Бояд зикр намуд, ки оилаи навбатие, ки мавриди боздид қарор гирифт, супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро пурра амалӣ намуда, заминҳои дарихтиёрдоштаи худро босамар истифода мебаранд. Онҳо барои фасли сармо маводи кофии ғизоӣ захира намуда, на танҳо оилаи худро, балки бозорҳои дохилиро низ бо маҳсулоти тару тоза ва хушсифат таъмин мекунанд. Ин гуна таҷрибаҳо метавонад барои дигар хонаводаҳо намунаи ибрат гардад ва сатҳи таъмини озуқаворӣ дар ҷомеаро боз ҳам баланд бардорад.
Аҳлиддини Муборакшоҳ,
“Ҳамрози халқ”