
Нимаи дуюми 14 август Каримзода Мирзоқосим, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Муминзод Абдулмаҷид Мубин, раиси шаҳри Бохтар ва Ташрифзода Амиралӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар аз замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи “Ғайрат” - Баҳриддин Маҳмадраҳимов боздид намуданд.
Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорӣ маълум гардид, ки замини наздиҳавлигӣ бо истифодаи самаранок ва тарзи дурусти кишт пурра ба манфиати оила истифода бурда мешавад. Дар он намудҳои гуногуни сабзавоту полезӣ, инчунин дарахтони мевадиҳанда парвариш ёфта, ба таъмини ғизои солими оила ва фурӯш дар бозори маҳаллӣ мусоидат мекунанд.
Зимни суҳбат бо соҳибзамин, меҳмонон таъкид намуданд, ки истифодаи ҳар ваҷаб замин яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳизб ва Ҳукумати мамлакат буда, аз шаҳрвандон даъват карданд, ки дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузоранд. Онҳо аз таҷрибаи Баҳриддин Маҳмадраҳимов ҳамчун намунаи ибрат барои дигар сокинон ёдовар шуданд. Ҳамчунин, бо сокинон дар бораи масъалаҳои рушди инфрасохтор, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва васеъ намудани имкониятҳои худтаъминкунӣ суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Мавриди зикр аст, ки чунин мулоқотҳо на танҳо боиси болоравии ҳавасмандии мардум мегарданд, балки муносибатҳои ҳамкоронаи байни аҳолӣ ва сохторҳои давлатӣ ва ҳизбро низ мустаҳкам менамоянд.
Аҳлиддини Муборакшоҳ,
“Ҳамрози халқ”