
23 августи соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ҳамоиши сиёсию фарҳангии ҷавонон ба ифтихори 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамоиш таҳти унвони пурмаънои «Истиқлолият арзишмандтарин неъмат барои ҷавонон» сурат гирифта, ба як чорабинии муҳими сиёсиву фарҳангӣ табдил ёфт. Дар он Аҳмадзода Оятулло – роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан», Ҳусейнзода Наврӯз – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Раҳимзода Меъроҷ – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ташрифзода Амиралӣ – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз минтақаи Бохтар ва як гурӯҳ ҷавонону фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.
Дар оғози ҳамоиш меҳмонон аз дастовардҳои ҷавонон шинос шуданд, ки дастовардҳои гуногуни таълимӣ, варзишӣ, фарҳангӣ ва ташаббусҳои иҷтимоии худро ба маъраз гузошта буданд. Ин намоишгоҳ бозгӯйи он буд, ки насли ҷавони кишвар бо рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва омодагӣ ба созандагиву бунёдкорӣ барои рушди Тоҷикистони азиз саҳмгузор мебошад.
Сипас дар саҳни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ҳамоиши асосӣ доир гардид. Аҳмадзода Оятулло дар суханронии худ иброз дошт, ки Истиқлолият бузургтарин дастоварди миллат ва такягоҳи устувори ҷавонон барои ояндаи дурахшон мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки ҷавонони тоҷик бояд ин дастоварди таърихиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд ва бо фаъолияти созанда дар рушди тамоми соҳаҳо саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамчунин дигар баромадкунандагон низ андешаҳои худро перомуни нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушду пешрафти Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои ҲХДТ баён доштанд. Онҳо зикр намуданд, ки ҷавонон ҳамчун такягоҳи неруманд дар паи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор мегузоранд ва бо нерӯи тозаю эътиқоди қавӣ дар созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузоранд.
Дар анҷоми ҳамоиш як қатор ҷавонони фаъоли ҳизбӣ бо сипоснома ва тӯҳфаҳои рамзӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» қадршиносӣ гардиданд. Ин иқдом ҷавонҳоро боз ҳам бештар ба фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбӣ ҳавасманд сохта, рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва меҳанпарастиро миёни онҳо тақвият бахшид.
Дар охир аз ҷониби ҳунармандони фарҳанги шаҳри Бохтар баҳри бозҳам боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ҷавонон сурудҳои ватандӯстона тақдим карда шуд.
Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ,
"Ҳамроҳи халқ"