БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ МО БОЯД ҲУШЁРУ ЗИРАК БОШАНД!

ВОКУНИШ. Вақтҳои  охир  мову  шумо  шоҳиди  падидаҳои  манфии иҷтимоӣ,  аз қабили  ифротгароии  ҷавонон  мешавем. Ин тамоюл бешак мардуми ватандӯст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро бетараф  гузошта наметавонад.    

Айни ҳол, мутобиқи  нишондодҳои  оморӣ  ҷавонони синнашон то 30 сола наздики 70 фисади  аҳолии  ҷамъияти  Тоҷикистонро ташкил  медиҳанд. Пас, вақте мегӯем  «ҷомеа», мо асосан  ҷавононро  дар назар дорем  ва  вақте  мегӯем «мушкилоти ҷавонон», қабл аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар мадди назар аст. Яке аз воситаҳои ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм шомил шудани ҷавонон дар давраи муосир ин тавассути шабакаи интернет ба психологияи онҳо таъсир расонидани ин гурӯҳҳо мебошад. Дар мамлакати мо низ аз рўзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон гуруҳҳои алоҳидаи ҷомеа  таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, ватанамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва мухолифати мусаллаҳона кашида, то ҳоли ҳозир ба сулҳи пойдору ваҳдати ягона монеа эҷод намуда истодаанд.

Боиси тазаккур аст, ки баъзе ҷавонони мо низ бо роҳҳои гуногун ба ин гурӯҳҳои ифротӣ  ҳамроҳ шуда, ҷони худро дар хатар мегузоранд ва ба куштору ғорат ва дигар кирдорҳои носавоб даст  мезананд.

Аз ин рӯ, мо ҷавонони Тоҷикистон аз аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон даъват ба амал меорем, ки насли наврасро дар руҳияи арзишҳои миллӣ, суннатҳои ниёгон ва гиромидошти марзу бум тарбия намоем. Бояд, қайд кард, ки мо ҷавонон ҳар амали некро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон -Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.        

Баҳодур  Хайруллозода,  мудири шуъбаи таблиғот ва  иттилооти КИ  ҲХДТ дар шаҳри Норак                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg