БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

АНДЕША. Пешвои ғамгусору ҳамдами миллат пайваста дар фикри обод намудани кишвар ва ба зиндагии шоиста таъмин намудани ҳар як шаҳрванди мамлакат буда, баҳри рушди тамоми соҳаҳои кишвар чораҳои созанда меандешанд.  Саноатикунонии кишвар яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар буда, баҳри амалигардонии босуръати он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон карданд.  Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад. Дар ин росто нуктаи муҳиму муфид барои бонувону занони хонашини тоҷики мо  ин буд, ки Президенти мамлакат ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус, барои занону бонувон имконият медиҳад, сохтору мақомоти дахлдорро дастур дод ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъмин намоянд.  Муждаи дигари неку созанда ва хирадмандонаи Пешвои миллат, ки ба рушди саноати кишвар бевосита мусоидат мекунад, ин аст, ки замини тутзорҳоро ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод намуданд.  Дар асоси дастуру супоришҳои хирадмандона ва созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, сатҳи бекорӣ дар кишвар коҳиш дода мешавад ва бо ин восита зиндагии аҳолӣ беҳтар шуда, сатҳи камбизоатӣ низ кам мешавад. Чуноне, ки аз Паём баҳравар шудем, имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад. Инчунин, Тоҷикистон аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад. Як нуқтаи хушнудкунанда ва далолаткунандаи пешрафти кишвар махсусан саноати кишвар, ки дар Паёми Президенти мамлакат дарҷ гардид, ин буд, ки агар соли 1991 ба Тоҷикистон 150 ҳазор тонна гӯшти чорво ва 325 ҳазор тонна картошка бо мақсади истеъмолӣ ворид шуда бошад, пас ҳоло бо ин мақсад ба кишвар гӯшти чорво ва картошка умуман ворид намешавад. Дар радифи ин гуфтаҳо бо қаноатмандӣ ва сарфарози аз хиради волои Пешво ва ҳамдаму ҳамнафас будани он бо халқ, мо шаҳрвандони ин Ҷумҳурии биҳиштосоро зарур аст, ки баҳри расидан ба ин ҳадафи стратегии мамлакат, яъне саноатикунонии босуръати кишвар сидқан сайъ намуда, ба сарфакорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ диққати ҷиддӣ диҳем.

Моҳинави Қурбонмад, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg