ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва тақвият додани робита бо маҳал бо сокинони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Зафар вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар дар бораи суханрониҳои Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа, иштирок дар семинар машварати кишоварзони вилояти Хатлон, нақши ҲХДТ дар муттаҳид сохтани мардум ва таҳкими давлатдории миллӣ андешаронӣ намуд.
Иштирокдорон суханрониҳои масъулинро бо хушнудӣ пазируфта, иброз доштанд, ки воқеъан ҳам дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, чунин вохӯрию мулоқотҳо бо аҳолӣ хеле судманд мебошад.