ШАҲРИТУС. Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии Муассисаи давлатии «Литсейи касбӣ- техникӣ» бо хонандагон хониши сиёсӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон мулоқот доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ихтиёран сафарбар гардидани ҷавонон ба хизмати Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, татбиқи ҳатмии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, толибилмони ин боргоҳи маърифатро барои расидан ба ҳадафҳои созанда раҳнамоӣ кард.