ШАҲРИТУС. Дар муассисаи давлатии «Литсейи касбии техникӣ»-и ноҳияи Шаҳритус бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, директори муассиса ва омӯзгорони муассиса мулоқоту вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар баргузории мулоқоту вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористӣ-экстремистӣ, худдорӣ аз истифодаи сару либоси бегона, тарғибу ташвиқи хизмат дар сафҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.