БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯК РӮЗИ НАКӮКОРӢ БО МАРДУМ

ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва дастгирии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар оромгоҳи деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл Аксияи ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" гузаронида шуд.

Дар баргузории чорабинии ҳизбӣ  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз, фаъолон,  аъзо ва  ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  иштирок дошта, пеш аз оғози кор  бо сокинони деҳаи мазкур  суҳбат анҷом доданд. Зимни суҳбат  Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода  афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” фаъолият дошта, мо ҳизбиён пайваста талош бар он дорем барои таъмини  шароити хуби зиндагӣ  бо рӯи кор гирифтани ҳадафҳои созанда  бо мардум бошем.  

Сипас,  сокинон дар Аксияи ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ”  фаъолона иштирок карда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дохил ва атрофи оромгоҳро аз алафҳои хушкидаю бегона тоза намуда, дар ҳаққи арвоҳи гузаштагон дуои нек хонданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg