ҶАЙҲУН. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷайҳун Муҳаммадҷон Зайдуллоев бо насли калонсоли деҳаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти Истиқлол оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросим ва сафарбар кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.
Сараввал Муҳаммадҷон Зайдуллоев баромад намуда, иброз дошт, ки моро зарур аст Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри амалӣ гардонидани ҳадафи стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем. Зеро рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил хоҳад гашт. Сипас, оид ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросим ва сафарбар кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо ҳозирин гуфтушунид баргузор гардид.