ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бо мақсади тарғибу ташвиқи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №1-и ҷамоати шаҳраки ноҳия бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбат бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи мазкур масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки дар Паёми худ Пешвои миллат бо ифтихор таъкид карданд, ки “Ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд”. Инчунин, дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм - падидаҳои номатлуби аср” суханронӣ намуда, зикр карданд, ки терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳию ҷисмонӣ ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан байни ҷавонон, ки баъзе аз онҳо аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, андешаҳояшро баён дошта, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки набояд онҳо ба ҳар гуна суханони бардурӯғи гурӯҳҳои ифротӣ бовар накарда, аз паи омӯхтани илму дониш ва ҳунаромӯзии хеш гарданд.