БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иҷрои талаботи қонунҳои миллӣ қарзӣ ҳар соҳибватан аст!

 ПАНҶ.  Бо мақсади шарҳу тавзеҳи суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд  таҳти унвони  «Муқовимат бо терроризм ва  ифротгароии хушунатомез» тибқи  нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо сокинони маҳаллаи Қодир Зоидови ҷамоати шаҳраки Панҷ  вохӯрӣ доир гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон ва    мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музаффар  дар вохӯрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Дар суханрониҳо қайд  карда шуд, ки ба хотири таъмини амнияти ҳамаҷониба  дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон  барои мубориза бо терорризму экстремизм, аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ  ва молиявӣ тавассути  қабули тадбирҳои  муштарак  чораандешӣ намудан лозим аст. Ҳадафи мубориза  бар зидди терроризму экстремизм ин таъмини  амният, оромӣ ва cулҳу субот дар кишвар ва тамоми ҷаҳон мебошад.

Дар идома масъулин оид ба моҳияти  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»   андешаронӣ  намуданд.

Дар охир оид ба масъалаҳои номбурда байни иштирокдорон  баҳсу мунозираҳои судманд доир гардида, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар баланд бардоштани маърифати динӣ ва сиёсии онҳо, дуруст  ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ баҳри иҷрои қонунҳои амалкунандаи кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg