БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Фаровонии дастурхони мардум ва зиндагии пурсаодат онҳо мақсади асосии мост!

НОРАК. Дар деҳаи Кишноваи  ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр  Муслима Ғуриева оид ба шарҳу тавзеҳи суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа, иштирок дар семинар-машварати  кишоварзон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯри доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ Муслима Ғуриева оид ба дастуру супориш ва ҳидоятҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирӣ аз он,  аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаронӣ намуд.

Дар идомаи суҳбат  чанде аз сокинон фикру мулоҳизаҳои худро оид ба суханрониҳои масъулин баён карда иброз доштанд, ки мо мардуми сарбаланди тоҷик шукргузор аз сиёсати имрӯзаи Роҳбари давлат, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки мо дар фазои сулҳу оромии Ватан зиндагии  пурсаодату  дастурхони фаровон насибаон гаштааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg