НОРАК. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Худ ва дигаронро аз коронавирус ҳифз намоед!" бо усули “хона ба хона” баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин аксия пешгирии паҳншавии коронавирус Covid-19 буда, аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба сокинон зиёда аз 130 адад маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуда, сокинон таъкид карда шуданд, ки дар кӯча ва хонаҳои худ қоидаҳои беҳдоштиро хуб риоя намуда, худ ва дигаронро аз ҳама намуди касалиҳои сироятӣ эъмин нигоҳ доранд.
Архивӣ Моҳона
- Феврал 2022 (1)
- Январ 2022 (368)
- Декабр 2021 (419)
- ноябр 2021 (429)
- Октябр 2021 (316)
- Сентябр 2021 (269)
- Август 2021 (467)
- Июл 2021 (325)
- Июн 2021 (543)
- Май 2021 (627)