ЛЕВАКАНТ. Дар доираи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакнат доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо кормандони СНОБВ дар шаҳри Левакант доир гардид.
Фарҳод Муминов вобаста ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, самтҳои сайёҳӣ, пешгирии ҷавонон аз ҷиноят, нашъамандӣ ва дигар амалҳои номатлуб баромад намуд.
Сипас, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Левакант Халилова Н дар самти пешгирии наврасону ҷавонон, занону духтарон аз ҷиноят, пешгирӣ аз пӯшидани либоси ба фарҳанги миллии мо бегона ва хушунат дар оила баромад намуда, зикр кард, ки тарбияи фарзанд бештар аз модар вобаста аст, аз ин хотир бояд занону бонувон бо ахлоқи ҳамидаи худ намуна бошанд ва дар ин бора масъулиятшинос бошанд.