ДӮСТӢ. Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни кормандони ташкилоту идораҳо суҳбату вохӯриҳо доир гардида истодааст.
Чунин вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ”гузаронида шуда, дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Зоиров Сабзаалӣ иштирок намуд. Мавсуф дар суҳбат вобаста ба бандҳои Паём, аз ҷумла дар самти баланд гардидани нафақаи маъюбон ва ятимон, эълон гардидани солҳои 2022-2026, “Солҳои рушди соҳаи саноат” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ суханронӣ кард. Ҳамзамон дар рафти суҳбат оид ба масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид гардид, ки аз ҷониби кормандони масъули Бахши муҳоҷирати ноҳия ба муҳоҷирон маслиҳати ҳуқуқии ройгон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар дода шуда, дар ин самт корҳо боз ҳам беҳтар карда шавад.