ВОСЕЪ. Бо мақсади расонидани шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, масъулини МИҲД ноҳия, намояндаи шуъбаи кор бо ноболиғони ВКД-и ноҳия ва инчунини намояндагони ҷамоати номбурда вохӯрӣ баргузор гардид.
Иштирокдорони вохӯрӣ зимни баромадҳои хеш оиди масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили, риояи қонунҳо дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ,“Танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо ”, оиди пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон, оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла бемории сироятии коронавирус, оиди мақоми зан дар ҷомеа, истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида ва дигар масъалаҳои доғи рӯз суханронӣ намуданд.
Инчунин иброз гардид, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи моро зарур аст, ки сар аз як гиребон бароварда бо заҳмати софдилонаву содиқона Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу зебо намоем ва баҳри рушду нумӯи он бо ташаббусҳои созанда саҳми хешро дареғ надорем.