ВОСЕЪ. Кормандони Кумитаи иҷроии ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади саҳм гузоштан дар пешгирии бемории сироятии коронавирус ва гирифтани ваксина ҳамарӯза дар байни сокинон корҳои тарғиботиро ба роҳ мондаанд.
Ин бор масъулини ҳизбӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия бо усули “хона ба хона” гардиш доир намуданд.
Зимни вохӯриҳо бо сокинон иброз гардид, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ҳамаи моро зарур аст, ки дастаҷамъона алайҳи ин беморӣ мубориза барем. Ва барои ин пеш аз ҳама худро эм (воя) гузаронему қоидаҳои гигиениро риоя намоем.
Ҳамзамон сокинон қайд намуданд, ки ҳатман ба маслиҳатҳои табибон ва дастурамалҳое, ки аз тарафи намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” дастраси онҳо гардиданд, риоя намуда, баҳри солимии худ ва наздикон саҳми хешро мегузоранд.