БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ

АНДЕША. Ватан ягона арзише ҳаст, ки дар ҳеҷ давру замон ва бо мурури тағйир хӯрдани дунё ва сохти кишварҳо волоият ва маҳбубияту маъруфияти худро аз даст нахоҳад дод. Тамоми таълимотҳои диниву дунявии ҷаҳонӣ мафҳуми Ватанро дар мавқеи аввал мегузоранд, зеро инсон бидуни муҳаббати он дохили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад.

Меҳри ватанро бузургони андеша беҳуда бо меҳри модар дар як саф нагузоштаанд. Агар Модар инсонро ба вуҷуд оварда тарбия кунад ва ба муҳиту оила ҷазб намояд, ватан рӯҳия ва камолоти инсониро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро ба он зам менамояд.

Ҳар як инсон, хусусан ҷавононро мебояд барои дӯст доштани Ватан корҳои неку аъмоли баҳри ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд.      

Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳову  уҳдадориҳо ва масъулияти бузурге дорад. Яке аз ҳикматҳои ибратомӯзи дини поки ислом чуни наст: «Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст» Инсони некбахт натанҳо Ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош намуда, бо душманони он мубориза мебарад.

Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ду чашм ҳаргиз дар оташи дӯзах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани Ватан мижа таҳ накарда, хидмат мекунад». Ватандӯсти асил ҳам зодгоҳ ва ҳам Ватани бузургашро дӯст медорад, онҳоро аз ҳам ҷудо намесозад. Ҳамаи моро зарур аст, ки Ватани азизамон- Тоҷикистонро ҳамчун модар дӯст дорем. Зодгоҳро аз Ватан ҷудо кардан ин маҳалгароист ва маҳаллгароӣ  бадтарин  хислати  инсонӣ  буда, сабаби парокандагӣ ва ҷангу нооромиҳо мегардад.

Яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин маҳалагароӣ буд, ки оқибат кишвари азизамонро пароканда намуда, чандин ободиҳоро ба вайрониҳо табдил дод, чандин оилаҳоро пароканда намуда, тифлаконро ятиму бесаробон сохт. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳимояи Ватани худ чи дар хона, чи дар сарҳад, чи дар деҳа ва ғайраҳо мебошад. Пас мебояд, ҳар яки мо ҳимояи Ватанро тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидани мардум аз макру ҳиллаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватанпарварӣ ба роҳ монем.

Зайнидинов Азамат,   мутахассиси пешбари  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳанг”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg