БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУНШИКАНО, ПЕШАИ ХУД РОҲИ ДИГАР КУН!

ВОКУНИШ. Дар ҳар давру замон инсонҳое пайдо мешаванд, ки баҳри манфиати шахсии худ ба ҳама кирдорҳои зишту ғайриинсонӣ даст мезананд. Барои чунин инсонҳои пастфитрат ҳеҷ як муқаддасот, Ватан - Модар, номус, осоиштагии сокинон, аҳмияте надорад. Чунин шахсон барои манфиати шахсӣ, қавмӣ ва гурӯҳӣ тайёранд, ба тамоми ҷиноятҳои муташаккил даст зананду мақсадҳои шуми худро амалӣ намоянд. Вобаста ба ин мавзӯъ метавон муноқишаҳое, ки санаи 27.01.2022, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъ омадаро мисол овард. Воқеан аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятпешаи пасипардагии  ҳамсоякишвар тарҳрезӣ гардидани  амалҳои иғвоангезона бори аввал нест, аммо саволе ба миён меояд, ки қонуншиканию вайронсозии созишномаҳои тарафайн аз ҷониби ҳамсоякишвари мо то ба кай идома медиҳад? Чаро як давлат наметавонад сари роҳи чанд нафар ҷинояткоре, ки боисти вайрон кардани муносибатҳои ду кишвар мегарданд, бигирад? Оё паси ин ҷинояткорон ки меистад? саволҳое ҳастанд, ки ҷавобашонро дар муноқишаҳои охир пайдо намудан мумкин аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки як нафари ҷинояткор метавонад бо ҳар роҳу восита соҳиби қудрат гардад, вале наметавонад онро зиёд устуворона ва хирадмандона идора намояд, зеро сиёсатмадорӣ ин чӯпонӣ нест, ки ҳар тарафе хоҳӣ рамаро ба он тараф бибарӣ. Дар ҳақиқат мушоҳидаҳо собит сохтанд, ки баъд аз ба сари қудрат омадани роҳбари кишвари кунинии Ҷумҳурии Қирғизистон, Содир Ҷабборов муноқишаҳои наздисарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон зиёд ба вуқӯъ омада, ки боиси талафоти ҷонию молии ҳарду тараф гардид.

Ҳаводиси охирине, ки санаи 27.01.2022 байни сарҳадбонони қирғиз ва тоҷик рӯх дод, дар ҳақиқат боиси нороҳатии ҳар як фарди кишвари мо гардид. Зеро чуноне Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, бо мақсади пешгирии амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бояд дар сатҳи маҳаллӣ вохӯрии намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҳамсоякишвар ба роҳ монда мешуд. Аммо ҷониби Қирғизистон ба мулоқот наомада, баръакс даст ба ҷинояткорӣ задаю ба сӯи шаҳрвандони кишвари мо оташ кушоданд. Аз амалҳои сарҳадбонони қирғиз чунин бармеояд, ки паси ин амали ноҷавонмардонаю ғайриинсонӣ, ки боиси талафоти ҷонии ду шаҳрванди мо гардид, роҳбарони сатҳи болоии ҳамсоякишвар даст доранд. Чуноне, рӯзи гузашта дар сомонаҳои интернетии Ҷумҳурии Қирғизистон, номаи иддае аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар ҷиҳати барканорӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани Қамчинбек Тошиев- раиси КДАМ ва Улан Ниёзбеков-Вазири корҳои дохилӣ, ки ба унвонии Содир Ҷабборов  навиштаанд, давр мезад. Шояд маҳз ба ҳамин хотир ин ду мансадбори баландпоя дассисаи иғвоангезонаро дар сарҳад тарҳрезӣ намудаву, хостаанд таваҷҷуҳи ҷомеаи хешро ба ин тараф ҷалб намоянд. Иштирок накардани масъулини кирғиз  дар музокирот далели гуфтаҳои болост.

Вале, новобаста аз ҳамаи ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша тарафдори сулҳу осоиштагии тамоми мамлакатҳо, махсусан ҳамсоякишварҳо буда, хоҳони ҳалли тамоми мушкилот бо роҳи музокирот мебошад. Аммо чунин муноқишаҳо, ки аксаран бо айби ҷониби қирғиз сурат мегиранд, дар пайи давомёфтан метавонад  бе ягон муҳобот оқибатҳои сахти зарароварро биёрад. Зеро ҳар як сокини Тоҷикистон тайёр аст баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, якпорчагии хоки муққаддаси кишвари худ ҷони худро қурбон намояду номуси ватандориашро баҷо орад.

Дар фарҷом аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар даъват ба амал меоварам, ки   зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри нигоҳдошти якпорчагии хоки муқаддаси диёр даст ба дасти ҳам дода, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои дар пешгузоштаи давлату ҳукумат якдилона заҳмату меҳнат кашиданро хоҳонам.

Худойдод Ёров, сармутахасиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg