БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКОН -ХОСТОРИ СУЛҲУ СУБОТ

ВОКУНИШ. Дар масири таърихи башарият ва гузаштаи чандин асраи онҳо  ҳамагуна моҷарову нофаҳмӣ, муташаниҷии вазъи сиёсӣ ва нобасомониҳо танҳо бо роҳи сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ  ҳалли худро   хоҳанд ёфт.

Моҷаро ва нофаҳмиҳое, ки санаи 27.01.2022 дар марзи Ҷумхурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастааст, ҳар як инсони соҳибандеша ва соҳибхирадро водор месозад, ки вобаста ба ҳалли ин қазия бетараф набошад ва дар ростои ҳалли мусбии ин моҷаро ва нофаҳмӣ, ҳатто агар бо кӯчактарин пешниҳод ҳам бошад, саҳми худро гузорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон солиёни зиёд ҳамсарҳад будаву ҳамчун дӯсту бародар бо ҳам зиндагӣ доранд ва ҳеҷ гоҳ қазияву моҷароҳои ба амал омада бо тариқи ҷангу хунрезӣ ҳал накардаанд, балки нофаҳмиҳое, ки давоми солҳои охир дар марзи ин ду кишвари дӯсту бародар ба амал омаданд танҳо бо роҳи сулҳу якдигарфаҳмӣ ҳалли худро ёфтанд ва оянда низ ҳал хоҳад гашт.

Дар моҷарои ба амал омадани марзи ин ду кишвар албатта ашхоси тафриқаангезу моҷароҷӯ саҳм доранд. Ин зумра ба рӯи худ ниқоб кашида байни шаҳрвандони ду кишвари ба ҳам бародар, махсусан ҷавонон, тухми тафриқаву нифоқ кошта ба мафкураи онҳо таъсири манфӣ мерасонанд, суботи ҷомеа ва амнияти ду давлатро халалдор ва ноором месозанд.

Бинобар ин ҳар шахси бо фарҳангу миллатдӯст бояд аз хонаводаи худ, маҳаллаву деҳаи худ ва ё шаҳри худ оғоз карда, ба ҷавонону наврасон ғаразҳои нопоки хоинону  тафриқаангезони миллатро фаҳмонанд.

Дар замири ҷавонон ҷо додани мавзӯи ватандӯстӣ рисолати ҳар як ашхоси калонсол аст, чунки  ватандӯстӣ ҳамоно муҳаббат  ва меҳрварзии инсон нисбат ба зодгоҳаш, ҳифзу ҳимояи сарҳади давлаташ дар муқобили ҳар сарҳадшикан ва ғоратгари берунӣ, эҳсоси масъулият ва хизмат ба мардуми он, огоҳонидани мардум аз макру ҳиллаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ҷаҳду кӯшиш барои ҳифзу ҳимояи он аст.

Зеро оромиву амният дар хонадони ҳар яки мо, хушбахтиву саодати ҷовидонӣ дар Ватан, хандаҳои беғаши кўдакон, нафаси осудаи падару модарон ва осоиштагии ҳар сокини кишвар аз ҷасорату, донишу малака, иродаи қавии чавонмардони ватандўст ва ниҳоят аз эҳсоси баланди худшиносию меҳанпарастии чавонон вобастагӣ дорад.

Итминони комил дорем, ки моҷаро ва нофаҳмии дар марзи ду кишвари ба ҳам дўсту бародар ба ҳам омада бо роҳи сулҳу якдигарфаҳмӣ ва хиради волои инсонии мардуми ҳар ду кишвар ҳалли худро хоҳад ёфт.

Маҳмадсафарзода Мирзораҳим, мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg