БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ - ХАТАР БА АҲЛИ ҶОМЕАИ БАШАР

ВОКУНИШ. Ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархурдҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат мегирад, падидаҳои экстремистиву террористидошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст. Аз ин рӯ ҷиҳати ҳифзи мафкураву маънавиёти ҷомеа ва дар ин миён наҷот бахшидани кишвар аз оқибатҳои нангбору муносибатовари ин зуҳуроти номатлуб лозим донистем мавзӯи мазкурро то ҷое таҳлилу баррасӣ намоем.

Нахуст ба шарҳи вожаи «экстремизм» мепардозем. Экстремизм аз калимаи франсузии “extremisme” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремизм ин оғози ногузири терроризм аст.Истилоҳи терроризм аз калимаи лотинии террор сарчашма гирифта, маънояш тарс ва ваҳм аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ин ҷомеаро ба ҳолати тарс у ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.Терроризму экстремизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон-дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто варзиш низ метавонад ба миён ояд.

Мутаассифона, терроризму экстремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба хоробазор табдил диҳанд.

Мутаассифона, экстремизм ва терроризм ба яке аз мушкилоти умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва чун амиқтар таҳлил кунем, ин мушкилиро ҷомеаи ҷаҳонӣ худ эҷод кардааст. Маҳз стандартҳои дугонаву духурагиҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ ба ин боис гардидаанд.

Бо тасдиқи ин воқеият ба боварӣ метавон гуфт, ки сиёсати манфиатҷӯёнаи абарқудратҳо ба хотири тақвияи манфиатҳои худ ин пеш аз ҳама ба заиф сохтани идеологияи рақибонашон равона шудааст. Дар хотир бояд дошт, ки эшон барои даст ёфтан ба манофеи худ аз ягон усул рӯ намегарадонанд. Ҳатто баъзе аз доираҳои манфиатдор кӯшиш мекунанд ба ифлостарин корҳо, то андозае, ки афкори умум бардошт дорад, либоси мусбӣ пӯшонанд ва ё андешаи мардумро ба мавҷудияти ногузири онҳо мутобиқ созанд.

Омилҳои мусоидаткунанда ба терроризму экстремизм агар аз як тараф дар бархурди манфиатҳои абрқудартҳо бошад, аз ҷониби дигар дар осебпазир будани афкори ҷомеа ва масъалаҳои иҷтимоӣ нуҳуфтааст.

Надоштани донишу фаҳмишҳои кофии илмӣ ва ҷаҳонибинии фарогир, Ин омил боис мегардад, ки ҷавонон ба осонӣ ба доми чунин ифротиён афтода ба механизми иҷрои дастурҳои онҳо табдил ёбанд.

Боварии зиёд нисбати овозаву хурофот ва мусоидат кардан ба таблиғоти ифротиён. Масалан, паҳн кардани шабномаҳо бо усули он ки агар ин паёмро ба 10 нафари дигар фиристӣ хушбахт мешавиву агар нафиристӣ бадбахт. Яъне то ин дараҷа мардумро гумроҳу фирефта кардаанд. Мебояд ба мардум фаҳмонем, ки онҳо варақаҳои сарнавишт нестанд, ки моро хушбахту бадбахт кунанд ва бовар кардан ба чунин хурофот ин худ ширк ба қудрати офаридгор аст.

Гурехтан аз мушкилиҳои зиндагӣ. Мутаассифона, бисёре аз ҷавонон ҳалли мушкилиҳои зиндагӣ, аз ҷумла баҳсу мунозираҳои оилавӣ ва мушкилиҳои рӯзмарраро дар гурехтан аз проблемаҳои бавуҷудомада мебинанд ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба чунин гурӯҳҳо майл пайдо мекунанд. Хусусияти мазкурро дар илм «танбалии андеша» ва дар забони халқ сабукфикрӣ мегуянд. Ҳол он ки ҷустуҷӯи роҳи ҳалли ин ё он мушкилот осонтар аз гурехтану ба бадбахтиҳои аз иназнинтар гирифтор кардани худ аст.

Саидов Илҳом, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg