БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАШВАРАТИ СУДМАНД БО ВОЛИДОН

ҶАЙҲУН. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷайҳун Сайфулоев Раҳмиддин бо волидон ва сокинони деҳаи Телмани ҷамоати деҳоти Истиқлол дар масчиди ҷомеи деҳаи номбурда суҳбату вохӯрӣ ҷиҳати сафарбар кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд баргузор намуд.

Зимни вохӯрӣ масъулин суханронӣ намуда иброз доштанд, ки мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур дар он аст, ки бинобар сабаби ноором будани вазъи имрӯзаи  ҷаҳон ва коста гаштани таълиму тарбияи ҷавонон волидонро зарур аст, баҳри муҳофизати сарҳади кишвар ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намоянд. Зеро хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷавононро дар баробари муҳофизати Ватан-модар,  инчунин ба зиндагии мустақил, обутоби бадан ва чун инсони ҳаматарафа инкишофёфта омода месозад. Аз ин рӯ, шуморо зарур аст ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намуда, онҳоро ба ин мактаби мардонагӣ сафарбар намоед. То дар оянда чун қаҳрамон муҳофизатгари Ватани азизамон- Тоҷикистон ва модару хонаводаи хеш бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg