МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Балхобии ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо ҷавонон, фаъолон ва истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкур маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханрониҳои Президенти кишвар дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар, семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, мубориза бар зидди терроризм, муқовимат бо коррупсия, афзоиш додани сафҳои ҳизб, зиёд намудани ташкилотҳои ибтидоӣ андешарони карданд.
Баргузории чунин вохӯриву мулоқотҳо дар дигар деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Муъминобод идома доранд.