БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсаду мароми ҳизбиён вусъати корҳои маърифативу маънавӣ дар ҷомеа

ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «КАТС» мулоқоти судманд баргузор карданд.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва намояндаи ШКВД-и шаҳр иштирок доштанд.

Масъулин зимни суханронии хеш оид ба мулоқоти Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон андешаронӣ намуда, ҳамзамон қайд карданд, ки вазъи ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат  намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон-истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ бирасем.

Зеро маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мову шумо имкони зиндагии озод, ором ва осударо дар фазои осоишта додааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg