БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбе, ки ҳадафаш зиндагии шоистаи мардум аст

ЁВОН. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо чанде қабд дар деҳаи Қирғизободи Ҷамоати деҳоти Обшорон бо иштироки фаъолони деҳа вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Абдуллоева Сайёҳат- намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба баррасии муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободонии маҳал, сабзу хуррамгардонии он, тоза намудани ҷӯйю заҳбурҳо, сафед намудани девору атрофи манзилҳои истиқоматӣ, иштирок ва саҳм гузоштан дар ободонии маҳал,  тарбияи дурустӣ фарзандон, тарғиби арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, робитаи маҳал бо мактаб, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешарони карда шуд.

Дар деҳаи Қирғизобод дар асл мардуми қирғиз умр ба сар бурда, шуғли асосии онҳо кишоварзӣ мебошад. Маҳз мардуми қирғиз бозори ноҳияро бо сабзавотҳои тару тоза таъмин менамоянд.Ҳамзамон,  масъулин аз бунгоҳи саломатии деҳаи Қирғизобод дидан намуданд.

Дар воқеъ  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ибтидо ҳамчун як ҳизби ваҳдатофар ба майдони сиёсат ворид гардида, ҳизби мардумӣ барои беҳбудии зиндагии шоистаи халқ кору фаъолият менамояд.

Кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияи Ёвон ҳамчун ниҳоди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳи маҳал миёни мардум ҳамарӯза корҳои таблиғотию ташвиқотиро амалӣ менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg