БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ ВОХӮРИҲО ОИД БА ТАРҒИБИ ПАЁМ

ЛЕВАКАНТ. Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант оид ба   шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳоти мазкур вохӯрӣ доир  намуданд.

Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ мазкур дар қатори гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр боз гурӯҳҳои кории таблиғотии Мақомот, сармутахассиси шуъбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Левакант Холмуродова А., раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, Султонов Ҳ., мутахасссиси пешбари бахши кор бо занон ва оила Набиева Ф., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Саидов Б., директори мактаби варзишӣ Кабиров Б., гирандаи стипендияи Президентӣ Асадуллоева У., директори маркази технологияи иттилоотии бахши маориф Холматов Б., директори МТМУ №3 Холбоев Ф., сармуҳаррири рӯзномаи «Нури Сарбанд» Ашуров О. ва дигар фаъолон иштирок варзиданд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ зикр шуд, ки ҳар як Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ паёмади хуб дошта тамоми барномаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси он амалӣ гардонида мешавад. Ва мо бояд ҳар як нуктаи онро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ намуда, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат амал намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg