КӮШОНИЁН. Бо ташаббуси узви фаъоли ҲХДТ дар ноҳия, директори ҷавону кордони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 Валиев Бобоҷон китобхонаи муассиса таъмиру азнавсозӣ ва бо ҷевонҳои китобмонӣ таъмин гардида, дар он адабиётҳои бачагона дастрас карда шуд, ки хонандагон фориғ аз машғулиятҳо имкон доранд, ба мутолиаи китобҳои бадеии писандида машғул шаванд.
Ҳамчунин, дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бо кӯмаку маблағгузории Кумитаи падару модарон толори маҷлисгоҳи муассиса таъмиру азнавсозӣ гардида, бо ҷойи нишаст таъмин карда шуд. Толор бо расмҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон, дигар шиору овезаҳо ороиш дода шуда, барои баромади меҳмонон ҷойи нишаст ва минбар муҳайё карда шудааст. Толори маҷлисгоҳ солиёни зиёд рӯи таъмирро надида буд ва ба туфайли кордониву ташкилотчигии сарвари муассиса ба як макони ободу зебо табдил ёфт.