АНДЕША. Ҳар як инсон ва мавҷудоти зиндае, ки дар дунё вуҷуд доранд, дар зиндагӣ мақсаду ҳадафҳои хешро доро мебошанд. Барои мисол агар дарахтони сояафканро гирем вазифаи онҳо тоза кардани ҳаво, яъне атмосфера мебошад. Вазифаи парандаҳо бошад несту нобуд кардани ҳашаротҳои зараррасон аст. Хуллас ҳамаи он чиз ва ё шахсе, ки дар рӯи олам умр ба сар мебарад рисолате бар дӯши худ дорад. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд мақсаду рисолати мо инсонҳо аз омадан ба ин дунё дар чист? Оё мо ягон вазифа ва ё мақсаде дорем?
Ба ин савол танҳо як посух мавҷуд аст, албатта ҳар яки мо дар зиндагӣ ҳадафу мақсаду рисолати худро доро мебошем ва он ҳам бошад пеш аз ҳама ин бо истифода аз нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонии хеш саҳм гузоштан дар ободӣ, зебогӣ, шукуфоӣ, сарсабзиву хуррамии кишвари азиз, саҳм гузоштан дар тинҷиву амонӣ, пешрафту тараққиёти ватан ва саҳм гузоштан дар рушду нумуи рӯзафзуни кишвар мебошад.
Агар вазифаи мо инсонҳо чунин бошад пас, чаро шахсоне ҳастанд, ки инро дидаву дониста, ба ҷои иҷрои рисолати худ санги маломат ба сари миллати худ мезананд. Ба ҷои заррае ҳам бошад ҳиссаи хешро дар ободиву зебогии диёр гузорад, баръакс ба харобкориву халалдор сохтани осудагии кишвар талош менамоянд, ки ин амали онҳо ба ҷуз зарар овардан ба пешрафту тараққиёти ҷомеа чизе дигаре нест.
Хулоса, ҳар як шаҳрванди бонангу номусро, алалхусус мо ҷавононро зарур аст, ки рисолати инсонии хешро баҳри тинҷиву осоиштагӣ, рушду тараққиёти ин сарзамини аҷдодӣ бечуну чаро, бо ҷону дил ва сидқан иҷро намоем. Ба таҳдиду иғво, дурӯғу дассисаҳои ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ бовар накунем. Ҳамеша дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчамбардори ин миллату ин ватан бошем.
Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ