А.ҶОМӢ. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар маҳаллаи Хуросони ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳия бо иштироки сокинон, алалхусус занону ҷавонони маҳаллӣ вохӯриву суҳбатҳои судманд доир карда шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов афзуд, ки вохӯриву суҳбатҳо пеш аз ҳама бо мақсади тарғибу ташвиқи суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо фаъолони кишвар, ва самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан, садоқат ба Президент, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ миёни сокинони маҳаллӣ, алалхусус миёни занону ҷавонон буда, дар ин замина онҳоро барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон , Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб кардан аст.
Дар охир иштирокдорон суханрониҳои судманди масъулинро дастгирӣ карданд.