БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаб интернати барои хонандагони лаёқатманд”-и деҳаи Кадучии ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед Раҳмон, намояндагони МИҲД ноҳия, кормандони масъули ҳизбӣ, намояндагони бахши кор бо ҷавонони ноҳия ва аъзои фаъоли ҲХДТ иштирок намуданд.

Зимни суханронии хеш раиси ноҳия Шарифзода Ҷамшед ои ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҷалби ҷавонон барои хизмат ба Ватан-модар, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва ғайраҳо андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар идомаи суханронии хеш Шарифзода Ҷамшед баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати эълон гардидани “Солҳои рушди саноат”, ки аз Паёми имсола бармеояд, ба иштирокдорони вохӯрӣ барои ҷоннок намудани корҳо дар ин самт дастуру супоришҳо ва маслиҳатҳои муфид дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg