БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - ИФОДАГАРИ ФАРДОИ БОСАОДАТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишӣ”-и ноҳия бо иштироки кормандони Кумитаи ҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар аз 21.12.2021 вохӯрӣ баргузор гардид. Дар аснои вохӯрӣ масъулин оид ба нуктаҳои Паём, нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеа, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, омода намудани варзишгарони неруманд аз намудҳои гунонгуни варзиш  ва ба мусобиқаҳои сатҳи минтақа, ҷумҳурӣ ва байналмиллалӣ сафарбар намудани онҳо суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки варзиш як омили солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб рафта, Пешвои миллат ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд ва аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30–солагии истиқлоли давлатӣ сохташуда 23 фоизашро иншооти соҳаи варзиш ташкил медиҳад, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg