БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲИДОЯТГАРИ МО БА СӮИ ФАРДОИ НЕК

АНДЕША. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле ироа гардид, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар умум тамоми қаламрави сайёраи замин даргири буҳронҳои шадиди сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳдоштиву фарҳангӣ аст. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари мазмун ва муҳтавои сиёсати давлатдорӣ, таҳкимбахши мафкураи ҷомеаи миллию меҳанӣ ва барномаи роҳнамосози ҷомеаи дар ҳоли рушди Тоҷикистон ва сокинони шарифу орзумандаш аст, ки ҳамасола баъд аз ироаи он корҳои ободониву созандагӣ дар қаламрави мамлакат суръати тоза мегирад.

Дар ҳақиқат дар шароити ноором ва назми навини ҷаҳонӣ иҷрои масъулияти давлатдорӣ таъмини амният ва суботи сиёсӣ, ҳамбастагӣ ва Ваҳдати миллӣ, рушди устувори ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва илму фарҳангӣ аз ҷониби роҳбари сиёсии ҳар давлат кори саҳлу осон нест. Аз ин рӯ мо аз иқдомҳои шоиста, қудрати зеҳн ва ҷаҳонбинии баланди сиёсӣ ва инсонпарвару давлатмеҳвари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасорати таърихии миллати куҳани тоҷикро мушоҳида намуда, аз Пешвои миллати худ ҳамчун сиёсатмадори баландпояи сатҳи ҷаҳонӣ боварӣ ва эътимоди қавӣ дорем, аз он нигоҳ, ки Президенти маҳбуби мо зиёда аз 30 соли соҳибистиқлолӣ тавонистанд, ки Тоҷикистони қафомондаву даргири моҷароҳои сиёсиву амниятиро ба қатори амнтарин мамлакат ва осудатарин ҷомеа дар арсаи байналмилалӣ табдил диҳанд. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарбаргирандаи тамоми ҳадафҳои сиёсиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва ҳамчун стратегияи ояндасозу оянданигар аз фалсафаи қавии роҳбарӣ ва мудирияти давлатдориву давлатсозӣ шаҳодат медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ дар баробари дигар бахшҳои ҷомеа масъалаи худшиносии миллӣ, рушди устувори илму маориф, даъвати насли ҷавон ба сӯи бедорӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ, рушди сиёсат, фарҳангӣ, пос доштани ёди гузаштагон, омӯхтани забонҳои пешрафтаи хориҷӣ, ҳифзи арзишҳои хонаводагӣ, таълиму тарбияи кӯдакону наврасон аз боғчаҳои кӯдакона, муассисаҳои таълимии ибтидоӣ то донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватан андешаҳои арзишманду пурмуҳтаво баён доштанд, ки ҳар як нуктаи он китоби ҳидояту саодати миллат ва пайки умеду орзу дар роҳи сохтани ояндаи дурахшон маҳсуб мегардад. Дар ҳақиқат имрӯз сокинони олами мутамаддин ва беш аз 200 давлати аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, дигар ташкилот ва ниҳодҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқлоли сиёсии онро эътироф намудаанд, ки ин муваффақият кишвари моро ба ҷаҳониён ва ҷаҳониёнро ба кишвари мо пайванди абадӣ бахшидааст.

Аз ин ҷост, ки сиёсати дарҳои боз дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи тоҷикро ҳамчун халқи намуна ва сулҳофару сулҳхоҳи сайёра  ба афкори умумии ҷаҳони мутамаддину пешрафта муаррифӣ намуд. Боиси шукргузорӣ ва ифтихор аст, ки имрӯз таҳти иродаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба истиқлоли маънавӣ ва истиқлоли сиёсиву инсонӣ ноил гардида, дар роҳи ҳифзи арзишҳои ин гавҳари муқаддас ва ин дастоварди таърихи ҳазорсола қадамҳои устувор мебардорад.

Дар асри пуртӯфони ҷаҳонишавӣ, зуҳури тағйир ва таҳаввулоти сиёсиву амниятӣ, авҷ гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ дар саросари ҷаҳон фарҳанг ва маорифи бисёре аз давлатҳо рӯ ба буҳрон оварда, раванди омӯзиш ва ҳифзи фарҳанг ва оинҳои миллӣ коста гардида истодааст. Бо назардошти таъсирҳои ҷаҳонӣ раванди пурҳассоси даврони ҷаҳонишавӣ дар саросари олам ба рушди илму маориф ва фарҳангу ахлоқи наврасону ҷавонон ҳамеша  Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ва дигар суханрониҳои худ оид ба  аҳамияти сарнавиштсози илму маорифу фарҳанг андешаҳои дақиқ ва пешниҳодҳои мантиқиву илмиро ироа месозанд. Бар ин асос, ки аҳамияти илму маориф ва фарҳанг ҳамчунин зарурати ҳифзи забони модарӣ ва ҳамзамон омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба хусус забонҳои  англисӣ ва русӣ дар низоми илму маориф ва фарҳанги миллати тоҷик амри зарурӣ дониста шудааст. Аз ҷумла, дар ин маврид дар Паём омадааст, ки: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва  самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф, сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад.

         Ҳамзамон Сарвари давлат омӯзгорон, ниҳодҳои илмиву таълимии ҷомеа ва падарону модаронро ба масъулиятшиносӣ ва дастгирии насли наврас ва фарзандону пайвандон  даъват намуданд. Тавре ки мушоҳида мегардад, ҳоло дар ҷомеаи мо насли навин соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем.

         Ҷавонон дар ҳар давру замон ва дар ҳар кишвари ҷаҳон ба унвони қудрати тавоно, сармояҳои бузурги инсонӣ ва омили рушду тараққиёт шинохта мешаванд. Дар Паёми Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Ҳукумати мамлакат дар таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон мавриди барасӣ қарор гирифта, ҷавонон ба ҳайси қувваи пешбарандаи ҷомеа, нерӯи тавонои ояндасоз, нигоҳдорандаи нангу номус ва ифтихори давлату миллат ёд шудаанд. Аз ҷумла Президенти мамлакат таъкид намуданд: “Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.

Асоев Олимбек, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg