БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИСБАТИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТКОР БОШЕМ!

АНДЕША.  Беш аз ду сол мешавад, ки бемории сироятии коронавирус- "COVID-19" дар давлатҳои ҷаҳон паҳн шуда, ин “душмани ноаёни инсоният” ҳамагонро ба таҳлука андохтааст. Бо расонидани зарару хисороти зиёд ба иқтисодиёти кишварҳо, талафоти ҷонӣ низ дар пай дорад. Ин беморӣ шакли нави вирусе мебошад, ки аз лиҳози густариш дар як муддати кӯтоҳ худро дар ҷаҳон муаррифӣ кардааст ва дар шаклҳои дигар зуҳур намуда истодааст.

Дар муқобили ин “Вабои аср” ҳамаи моро зарур аст, ки тибқи тавсияи табибон ҷиддан амал намуда, нисбати он беэътиноӣ нанамоем ва дастаҷамъона  мубориза бурдаву муқобилият намоем ва онро дар якҷоягӣ аз рӯи замин нест созем. Барои мубориза бо ин бемории сироятӣ сарҷамъӣ ва истифодаи усулҳои нав шарт ва зарур мебошад.

Аҳолии кишвар бояд ҳама ваксина гиранд ва барои гирифтани иммунизатсия ба беморхонаҳои ноҳиявиашон, ё ба кормандони бунгоҳҳои тиббӣ муроҷиат намоянд. Худи кормандони соҳаи тандурустӣ низ хона ба хона гашта, мушкили мардумро вобаста ба гирифтани ваксинатсия осон карда истодаанд, ки бо онҳо мо бояд ҳамкории зич дошта бошем.

Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фосиларо қатъиян риоя карда, ниқоб дошта бошем, корҳои фаҳмондадиҳиро ба аҳолӣ ҷоннок намуда, бо ин роҳ худ ва наздиконамонро аз бемории сироятӣ эмин нигоҳ дорем. Аз маҳлулҳои антисептикӣ фаровон истифода карда, гигиенаи шахсиро риоя намоем. Мардум бояд оқибатҳои ин бемориро дуруст дарк карда, дар ин самт фаъол бошанд. 

Ҳасан Ғуломов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg