ҲАМАДОНӢ. Дар толори беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо табибону кормандони беморхона оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев қайд кард, ки рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад, - иброз доштанд дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Тайи 30-соли соҳибистиқлолӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии ҷомеа ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард. Ҳоло дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ бо 74800 корманд кору фаъолият доранд. Муассисаҳои тиббӣ бо табибон 84% ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 96% таъмин мебошанд.