ПАНҶ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус СOVID-19 дар Бозори марказии ноҳия миёни сокинон ва соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Инчунин, дар рафти мулоқотҳо ба сокинону соҳибкорон ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои иттилоотӣ, маҳлули спирти антисептик баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дастрас карда шуд.