БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - ДОРОИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ

ПАНҶ. Тарғибу ташвиқи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №11 бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи мазкур масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки дар Паёми худ Пешвои миллат бо ифтихор таъкид карданд, ки “Ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд” дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм падидаҳои номатлуби аср” суханронӣ  намуда, зикр кард, ки терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан байни ҷавонон, ки баъзе аз онҳо аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, мебошад. Аз ин хотир мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва фазои тинҷу ороми кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg