АНДЕША. Истиқлолият заминаест, ки тамоми орзуву ормонҳои миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, қадру манзалати ҳуқуқиву ахлоқӣ ва фарҳангиву маънавии шаҳрвандон дар ҳудуди муайяни он инъикос ва сабзиш меёбад.
Истиқлолият бузургтарин ва волотарин неъмати худовандиест, ки муқаддасот ва арзишҳои миллӣ дар пояҳои устувори он ҳамаҷониба рушд мекунад. Аз ин ҷост, ки тамоми халқияту миллатҳои сайёра аз аҳди қадим то имрӯз танҳо баҳри озодихоҳиву соҳибистиқлолӣ мубориза бурданду мебаранд. Сарчашмаҳои расидан ба истиқлолияти давлатӣ агарчӣ як паҳлуи ҳалталаби ҷомеаи маъданӣ ба шумор равад ҳам, ҳифзу нигаҳдошти бардавоми беолоиши он паҳлуи таъсиргузору заҳматталаби ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил менамояд. Бенуқс ва беолоиш ҳифз намудани муқаддасоту арзишҳои миллӣ дар сояи соҳибистиқлолии мамлакат марҳилаест басо мураккабу заҳматталаб. Барои дарки амиқи ҳифзи ҳамаҷонибаи Истиқлолияти давлатӣ ҳар яки мо намояндагони миллати кӯҳанбунёди тоҷикро зарур аст, ки ба маънои аслии сулҳу ваҳдати миллӣ расидагӣ намоем ва онро дар худ парвариш намуда ба дигарон, алалхусус ба насли ҷавону наврас ҳамчун сабақи таърихӣ омӯзонем. Руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ва илмомӯзиву маърифатпарварии насли ҷавонро аз имрӯза дида устувортар намуда, ба самти идеологияи муттаҳидкунандаву созанда таҳрик намоем. Зеро ки рӯз то рӯз дар натиҷаи возеҳу рӯшан гардидани оқибатҳои нохушоянди ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) вазъи сиёсии ҷаҳони муосир печидатару мураккабтар гардида истодааст. Терроризму ифротгароӣ дар беш аз сад давлатҳои сайёра доман паҳн намуда, ҳар лаҳза ба низоми давлатдории кишварҳои дар зинаҳои рӯ ба инкишоф ва дар ҳоли рушд қарорёфта таъсири манфии худро расонида истода, то дараҷае арзи ҳастии бархе онҳоро аз харитаи сиёсии ҷаҳон зери суол бурда истодааст. Чуноне ки файласуфи немис И.Кант чанд аср қабл қайд карда буд, давлат ҳамчун шабеҳи ҳуҷайраи васеъшаванда ва маҳвшаванда дар фазо мебошад. Дар натиҷаи муттаҳидиву якмаромӣ рукнҳои асосии низоми давлатдорӣ мустаҳкам ва васеъ мегардаду дар натиҷаи саҳлангориву бепарвоӣ мавҳ хоҳанд гашт. Аз ин рӯ моро зарур меояд, ки ҳамеша дар зери сиёсати оқилонаву дурандешонаи Роҳбарияти олии мамлакат муттаҳид бошем ва нагузорем, ки то ба фазои амну осоиштагии мамлакатамон халале ворид гардад.
Чуноне, ки мо ҳамагон медонем истиқлолияти мо тоҷикон осон ба даст наомада, балки бо ҷонбозиву ҷоннисориҳои мардони шуҷои Ватан ба мушкилӣ мушарраф гардидааст, ки дар баробари расидан ба мақсади ниҳоӣ нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят калонва калидӣ ба шумор меравад. Мо ҳамагон инро бояд донем ва ба худ низ хулосаи лозимӣ барорем, ки беш аз 93 % -и қаламрави Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил менамояд ва дар домони кӯҳу санг давлат сохтану то ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан кори саҳлу осон нест. Аммо миллати бонангу номуси тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз уҳдаи ин кори мушкилу сангин дар ҳақиқат баромада тавонист.
Хулоса, моро мебояд, ки баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии мамлакатамон доимо омода бошему қадру манзалати якпорчагии меҳани азизамонро донем.
Неъматов Абдуҷаббор, мудири шуъбаи таблиѓот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин